22.03.2024 / ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!
Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ноҳияи Нуробод расонида мешавад, ки чорабинии фарҳангиву сиёсӣ бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз санаи 23 марти соли 2024, соати 9:00 дар назди майдони шоҳ Исмоили Сомонии ноҳия баргузор мегардад.
Дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд бо иштироки ҳунармандони ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ дар назар аст.
МАРҲАБО, БА ҶАШНИ НАВРӮЗИИ НОҲИЯИ НУРОБОД!