Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

04.06.2026 / БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ



       02 июни соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт вохӯрии судманд баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия арзёбӣ гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони касбу кори гуногун, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд. Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби масъулини Агентӣ маърӯзаҳо оид ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030), инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор пешниҳод гардиданд. Қайд карда шуд, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад. Таъкид гардид, ки танҳо дар фазои ҳамкорӣ, худогоҳӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон ба коҳиши омилҳои коррупсионӣ ноил гардид ва барои рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами соҳа мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ пешниҳодҳои мушаххас иброз доштанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод