Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

26.05.2026 / Ташаббуси ҷаҳонии Рустами Эмомалӣ — омили муттаҳидии миллатҳо



       Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз рӯйдодҳои муҳими варзиширо бо ифтихор таҷлил менамояд, ки он Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад. Ин санаи таърихӣ барои мардуми Тоҷикистон аҳаммияти хосса дорад, зеро маҳз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид 7-уми майи соли 2024 боз як нишонаи равшани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдоми созанда бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида, аҳаммияти футболро ҳамчун василаи таҳкими дӯстӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардумони ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт. Бешубҳа, эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол танҳо як рӯйдоди варзишӣ нест, балки ин иқдом таҷассумгари фарҳанги сулҳпарваронаи миллати тоҷик ва сиёсати инсондӯстонаи давлати Тоҷикистон мебошад. Футбол имрӯз на танҳо бозӣ, балки воситаи муҳими муттаҳидсозии инсоният, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ гардидааст. Футбол яке аз маъмултарин ва дӯстдоштатарин намудҳои варзиш дар ҷаҳон ба шумор меравад. Миллионҳо нафар дар қитъаҳои гуногуни олам ин бозиро ҳамчун рамзи дӯстӣ, рақобати солим ва тарзи ҳаёти фаъолу солим эътироф менамоянд. Маҳз футбол метавонад новобаста аз миллат, забон, нажод ва дину фарҳанг инсонҳоро ба ҳам орад ва муҳити сулҳу ҳамдигарфаҳмиро тақвият бахшад. Дар ҳақиқат, футбол забони универсалии башарият аст. Он қалбҳоро ба ҳам мепайвандад, ҷавононро ба дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳидоят менамояд ва эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллиро тақвият мебахшад. Ҳар як пирӯзии дастаи дӯстдошта дар дили мухлисон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва ҳар як шикаст инсонро ба сабру таҳаммул ва талоши бештар раҳнамоӣ мекунад. Бозии футбол аз қадимулайём то имрӯз ҳамчун яке аз василаҳои муҳими тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии инсон хизмат менамояд. Ин намуди варзиш ҷавононро ба муттаҳидӣ, ҷасорат, иродаи қавӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ роҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба рушди футбол таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Хушбахтона, дар Тоҷикистон низ футбол солҳои охир марҳилаи нави рушду пешрафтро касб намудааст. Бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори варзишии кишвар тадриҷан рушд ёфта, барои наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдончаҳои замонавии варзишӣ сохта шуда, ҷавонон ба машқу тамрин ва мусобиқаҳои гуногун ҷалб мегарданд. Дар минтақаи Рашт низ баҳри рушди футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯст бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои гуногуни ноҳияҳои минтақаи Рашт корҳои сохтмон ва бунёди майдончаҳои варзишӣ бо маром ҷараён дорад. Ин тадбирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Роҳбарияти давлат ва мақомоти маҳаллӣ ба рушди варзиш, махсусан футбол, аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳанд. Зеро ҷавонони солим ва фаъоли ҷомеа омили муҳимми пешрафти давлат ва таҳкими суботи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотиашон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол таъкид намуданд, ки: «Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол моро водор месозад, ки минбаъд низ барои рушду оммавигардонии ин намуди варзиш дар кишварамон кӯшиши бештар намоем». Воқеан ҳам, имрӯз футбол дар Тоҷикистон ба рамзи Ваҳдат, ифтихори миллӣ ва муаррифгари давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боиси ифтихори тамоми мардуми кишвар гардида, ҷавононро ба илмомӯзӣ, ватандӯстӣ ва ҳаёти солим ҳидоят менамояд. Мо итминон дорем, ки бо талошу заҳмати варзишгарон, мураббиён ва дастгирии давлату Ҳукумати мамлакатамон футболи тоҷик дар оянда низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаҳои байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад бардошт. Бо чунин орзуву ниятҳои нек тамоми мухлисон ва дӯстдорони футболро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, руҳияи қавӣ, дастовардҳои беназир ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоем. Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бод! Фатҳуддин СОЛЕҲЗОДА, раиси Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод