26.05.2026 / ҶАВОНОН — РӮҲИ БЕДОРИ ҶОМЕА ВА НЕРУИ ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛ.

Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо эҳтирому ифтихори хоса таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим рамзи арҷгузорӣ ба ҷавонон ҳамчун қишри фаъол, неруи созанда ва такягоҳи боэътимоди давлату миллат мебошад. Зеро ҷавонон дар ҳар давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа, ҳомии арзишҳои миллӣ ва идомадиҳандаи роҳи созандаи насли калонсол ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтаанд. Давлату Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбия, соҳибкасб гардидани ҷавонон, рушди қобилияту истеъдод ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ пайваста тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.
Воқеан, ҷавонон рӯҳи бедори ҷомеа мебошанд. Зеро маҳз ҷавонони огоҳу донишманд бо ҷаҳонбинии муосир, тафаккури созанда ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд ҷомеаро ба сӯи пешрафт раҳнамоӣ намоянд. Ҷавонон имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа — аз илму маориф то фарҳангу варзиш, аз иқтисоду технология то хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас дошта, барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву фарҳангӣ масъулияти ҷавонон боз ҳам бештар мегардад. Ҷавонони кишварро зарур аст, ки бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ ва иродаи қавӣ барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, суботу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ талош намоянд. Зеро Истиқлол неъмати бузург ва муқаддас буда, ҳифзу таҳкими он аз ҳар шаҳрванди ватандӯст масъулияти баланд тақозо мекунад.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун неруи таҳкимбахши Истиқлол дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим доранд. Онҳо бояд ҳамеша ба омӯзиши илму дониш, азхуд намудани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва истифодаи технологияҳои муосир таваҷҷуҳ намуда, барои ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузоранд.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ низ бо дастовардҳои назаррас обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд мебардоранд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва корҳои ҷамъиятӣ далели равшани неру, қобилият ва масъулиятшиносии ҷавонони кишвар мебошад.
Боварии комил дорем, ки ҷавонони саодатманди Тоҷикистон минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, донишмандӣ, фарҳанги воло ва иродаи устувор барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми боз ҳам арзандатар мегузоранд.
Ҷавонон ифтихори миллат, неруи бузурги ҷомеа ва ояндаи дурахшони давлат мебошанд. Маҳз бо дониш, заковат, ташаббус ва меҳнати созандаи ҷавонон Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз рушду тараққӣ намуда, ба сӯи фардои боз ҳам ободу шукуфон қадам мегузорад.
Итминони комил дорем, ки ҷавонони ватандӯсту бонангу номуси тоҷик минбаъд низ барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди давлатдорӣ ва ободии сарзамини муқаддасамон содиқона хизмат хоҳанд кард.
Бигзор ҷавонӣ ҳамеша давраи илмомӯзӣ, созандагӣ, ватандӯстӣ ва расидан ба ормонҳои бузург бошад.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод!
Фаридун Ҳусензода - роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод