26.05.2026 / БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

20 майи соли 2026 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Нуробод Рӯзи ҷаҳонии футбол бо шукӯҳи хосса таҷлил карда шуд.
Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода, муовинони раис, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаи варзиш ва сокинони ноҳия ҳузур доштанд.
Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода зимни суханронӣ қайд намуданд, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи расман эълон намудани 25-уми май ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол-асос гузошт, боз як далели нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умибашарӣ, сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад.
Инчунин, иброз доштанд, ки футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳими солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Чорабинӣ бо барномаҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ноҳия идома ёфт. Дастпарварони Муассисаҳои давлатии мактаби варзишии ноҳия таҳти роҳбарии мураббиён ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд.
Ҳамзамон, барномаи фарҳангии рангин пешкаши ҳозирин гардида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хосса бахшид.