Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

18.05.2026 / ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Дар ноҳияи Нуробод ҷамъомад ва машқҳои таълимии мудофиаи ҳудудӣ бо баргузор намудани ҷаласаи корӣ оғоз гардид, ки дар он намояндаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва аъзои минтақаи мудофиаи ҳудудии ноҳия иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими вобаста ба таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, омодагии захираҳои сафарбарӣ ва сатҳи ташкили чорабиниҳои мудофиаи ҳудудӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Дар робита ба ин, зикр карда шуд, ки қувваю воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ дар баробари қисму воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амнияти давлат нақши муҳим дошта, ба масъалаи омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ ва ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Ҷамъомади мазкур бо иштироки васеи сокинон, захираҳои сафарбарӣ ва техникаҳои таъйингардида дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд. Зимни суҳбат бо масъулин шаҳрвандон омодагӣ ва ҳавасмандии худро ҷиҳати иштирок дар ҷамъомад, ҳифзи хоки поки Ватан, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ иброз намуданд. Дар баромади намояндагони Вазорати мудофиа низ таъкид гардид, ки мардуми меҳандӯсту сулҳпарвари Тоҷикистон ҳимояи давлату миллатро вазифаи муқаддаси худ дониста, барои хизмат ба Ватан ҳамеша омода мебошанд. Масъулин иштироки фаъоли сокинон ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстона ширкат намудани онҳоро дар чунин чорабиниҳои муҳими ҳарбӣ нишонаи садоқат ба халқу Ватан арзёбӣ карданд. Дар идомаи чорабинӣ чанде аз иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод