Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

18.05.2026 / МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ “МАКТАБ БА МАКТАБ” ДАР МТМУ №1 -И ДЕҲОТИ МЕҲРОБОДИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       14 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод мулоқоти гурӯҳи корӣ бо усули “Мактаб ба мактаб” баргузор гардид. Дар мулоқот муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар Абдусамад иштирок намуда, вобаста ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, масъулияти омӯзгорону хонандагон, риояи интизоми дохилӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ибрози назар намуд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълимӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин масъулин доир ба пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон, ҷалби хонандагон ба донишандӯзӣ, китобхонӣ ва истифодаи самараноки вақт суханронӣ намуданд. Дар анҷоми мулоқот ба омӯзгорон ва хонандагон барои фаъолияти хубу намунавӣ тавсияҳо дода шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим вазифагузорӣ карда шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод