18.05.2026 / ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТӢ БО ИШТИРОКИ АҲЛИ ҚАЛАМИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Муассисаи давлатии Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод чорабинии маърифатӣ бо иштироки аҳли қалами ноҳия баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ шоирону нависандагони маҳаллӣ, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок намуда, оид ба нақши адабиёт, китоб ва сухани бадеъ дар тарбияи маънавии наврасон суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ меҳмонон аз эҷодиёти худ намунаҳо қироат намуда, андешаҳои ҷолиб иброз доштанд. Ҳамзамон хонандагон бо шавқу завқи баланд дар баҳсу суҳбатҳо фаъолона иштирок намуда, ба меҳмонон саволҳои гуногун пешниҳод карданд.
Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва рушди маърифати фарҳангии хонандагон нақши муҳим доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон барои иштироки фаъол ва суханрониҳои пурмазмун изҳори миннатдорӣ баён гардида, барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд