18.05.2026 / БОЗДИД АЗ ДЕҲАИ ШАҲТУТИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲАКИМӢ

Раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен аз деҳаи Шаҳтути Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ боздид намуда, бо сокинон суҳбати сарироҳӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои ободониву созандагӣ, вусъати корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, рушди соҳаи маориф, ҷалби ҷавонон ба таълиму донишомӯзӣ, инчунин рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон ба масъалаҳои тозагии муҳити зист, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Раиси ноҳия сокинонро ба ҳамдигарфаҳмӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва занбӯри асалпарварӣ, инчунин тарбияи дурусти наврасону ҷавонон ҳидоят намуд.
Сокинони деҳа барои дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии маҳал баён доштанд.