Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.05.2026 / ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” ва қарори раиси ноҳияи Нуробод, дар толори бошукуҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳия даври ноҳиявии озмуни мазкур баргузор гардид. Чорабинӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳёи таърихи ниёгон ва оммавигардонии осори безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ доир гардида, дар он муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар, аҳли адаб, омӯзгорон ва ғолибони даври муассисавии озмун иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар таъкид дошт, ки “Шоҳнома” на танҳо як асари адабӣ, балки сарчашмаи мардонагиву ватандӯстӣ, далериву шуҷоат мебошад. Зикр гардид, ки бо иқдоми наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими китоби “Шоҳнома” ба ҳар як оилаи кишвар ба рушди таваҷҷуҳ ба ин шоҳкори безавол мусоидат намудааст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни “Шоҳномахонӣ” тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносӣ, ватанпарварӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Бо дарназардошти роҳандозии чунин озмунҳо метавон гуфт, ки танҳо тавассути илмомӯзӣ ва мутолиаи пайваста ҷомеа метавонад ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ояндаи дурахшони худро бунёд намояд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод