Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.05.2026 / Боздиди гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дар Ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод



       Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба ҷашнҳо, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ноҳия Зафар Ҳисориён аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Муҷихарф боздид анҷом доданд. Зимни боздид рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои толори варзишӣ, ҳаммом, муассисаи таълимӣ, инчунин майдончаи варзишии футболи хурд дар деҳаи Навобод ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Хулозӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Масъулини соҳа доир ба пешрафти корҳои сохтмонӣ маълумот пешниҳод намуда, таъкид гардид, ки аксари корҳои банақшагирифташуда дар марҳилаи иҷро қарор доранд. Дар натиҷаи боздид, ҷиҳати таъмини сифати баланд, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод