Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

27.04.2026 / БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАШВАРАТИ КОРӢ



       Имрӯз таҳти раёсати раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома ҳисоботи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо шунида шуда, барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва таъмини тозагии муҳити зист ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Раиси ноҳия зимни суханронӣ ба татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, ҷиҳати рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вазифагузорӣ карданд. Ҳамзамон, вобаста ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки замину об, рушди кишти картошка, пешгирии талафоти неруи барқ ва гузариш ба низоми билингӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, беҳсозии фаъолияти соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, инчунин истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, масъалаҳои танзими партовгоҳҳо, мустаҳкамкунии соҳилҳо, бунёди иншооти ҷашнӣ, сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар идомаи машварат, тибқи дастуру супоришҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, ба тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин замина, масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, ба ҷалби ҷавонон, бахусус духтарон, ба таҳсилоти босифат, касбомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Дар фарҷом, раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода масъулинро ба иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳо, хизмати содиқона ба халқу Ватан ва масъулияти баланд дар фаъолияти хизматӣ ҳидоят намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод