Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

22.04.2026 / ДАР МАВЗЕЪҲОИ БАЛАНДКӮҲИ НОҲИЯИ НУРОБОД КИШТИ КАРТОШКА БА РОҲ МОНДА ШУД 21.04.2026



       Дар деҳаи Тегирмии Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод воқеъ дар мавзеъи баландкӯҳ, корҳои кишти картошка оғоз гардиданд. Бо истифода аз усулҳои муосири кишоварзӣ ва навъҳои ба сардиҳо тобовар, кишоварзони маҳаллӣ тавонистанд кишти картошкаро ба роҳ монанд. Ин иқдом дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад. Таҳлили шароити мавҷуда нишон медиҳад, ки кишти картошка дар мавзеъҳои баландкӯҳ, дар ҳолати татбиқи дурусти қоидаҳои агротехникӣ, мутобиқсозии парвариш ба иқлими маҳаллӣ ва интихоби навъҳои мувофиқ метавонад ба дастовардҳои назаррас мусоидат намояд. Омилҳое чун обёрии самаранок, нигоҳдории агротехникӣ ва пешгирии саривақтии бемориҳои растанӣ дар марҳилаҳои баъдӣ барои таъмини ҳосили баланд ва босифат аҳамияти калидӣ доранд. Мавриди зикр аст, ки соли гузашта дар қисми зиёди заминҳои кишоварзии ин мавзеъ кишти картошка амалӣ гардида, кишоварзон ба ҳосили фаровон ноил гардиданд. Имсол ин таҷрибаи муваффақ идома ёфта, ҳамчун як раванд ва таҷрибаи устувори агротехникӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад заминаи мусоид барои густариши минбаъдаи кишти зироатҳо дар шароити баландкӯҳ фароҳам оварад. Ҳамзамон, ба ин мавзеъ роҳи мошингард вуҷуд дорад, ки барои дастрасии осон ба заминҳои кишт ва интиқоли тухмӣ, нуриҳо ва маҳсулот шароити мусоид фароҳам овардааст. Ин инфрасохтор ба рушди устувори кишоварзӣ ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсол мусоидат мекунад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод