22.04.2026 / ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ЯХЧИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ИЗЗАТУЛЛО ҲАЛИМОВИ НОҲИЯИ НУРОБОД 21.04.2026

Дар деҳаи Яхчи Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сокинон, ҷавонон ва фаъолон иштирок намуданд.
Муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар паёми табрикии раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусенро ба ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки Наврӯз рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Барномаи фарҳангӣ бо суруду рақсҳои миллӣ ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонид.