16.04.2026 / ОҒОЗИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР МАЙДОНИ 23 ГЕКТАР ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Дар ноҳияи Нуробод бо иштироки раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен дар майдони собиқ фурудгоҳ, ки масоҳати он 23 гектарро ташкил медиҳад, бори нахуст кишти картошка оғоз гардид.
Ин иқдом дар доираи истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир ин заминҳо бекор монда, мавриди истифода қарор надоштанд. Бо ташаббуси масъулини соҳа ва заҳмати содиқонаи деҳқонон, майдонҳои мазкур дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, барои парвариши картошка истифода бурда мешаванд.
Иқдоми мазкур қадами муҳим дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи босамари замин ва рушди устувори соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб меравад.