14.04.2026 / ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР ДЕҲАИ ТУҒЧИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ХУМДОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД 13.04.2026

Имрӯз дар деҳаи Туғчии Ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод Ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар Абдусамад, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Саломатшо, сокинони деҳа, фаъолон ва меҳмонон дар фазои идона баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар Абдусамад паёми табрикотии раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусенро ба ҳозирин расонида, ҳамаи сокинонро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона муборакбод намуд. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва густариши фарҳанги ниёгон нақши муҳим дорад.
Чорабинии наврӯзӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод роҳандозӣ гардида, бо таҷассуму эҳёи расму ойинҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёгон шаҳомати хоса касб намуд. Сокинон бо либосҳои миллӣ, рӯҳияи болида ва ҳисси баланди ифтихор аз арзишҳои фарҳангӣ дар ҷашн фаъолона иштирок намуданд.
Дар саҳни чорабинӣ гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, маҳсули дастони ҳунармандон, аз ҷумла таомҳои миллӣ, шириниҳои наврӯзӣ ва рамзҳои анъанавии ҳафтсину ҳафтшин ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки бозгӯи фарҳанги ғанӣ ва завқи баланди мардум маҳсуб меёфт.
Дар фарҷом, бо баргузории барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, ҷашн боз ҳам хотирмон ва пуршукӯҳ анҷом пазируфт.
Қобили зикр аст, ки дар дигар деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Нуробод низ ҷашни Наврӯз бо тамоми шукӯҳу шаҳомат, накҳату таровати баҳорӣ ва ороишоти идона баргузор гардида истодааст.