Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

13.04.2026 / МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГӮШТИНГИРӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 11.04.2026



       Баргузории мусобиқаи варзишии гӯштингирӣ яке аз анъанаҳои неки ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шумор меравад. Санаи 11-уми апрели соли 2026 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ин мусобиқа паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва ҳамчунин аз хориҷи кишвар иштирок намуда, маҳорати баланди варзишии худро ба намоиш гузоштанд. Чорабинии мазкур бо ҳузури теъдоди зиёди мухлисон дар фазои идона ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, ба яке аз рӯйдодҳои муҳими варзишии Наврӯзӣ табдил ёфт. Мусобиқа боиси таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва эҳёи анъанаҳои миллӣ гардида, хотири иштирокдорон ва тамошобинонро болида сохт.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод