13.04.2026 / ТАНТАНАИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

11 апрели соли 2026 варзишгоҳи марказии ноҳияи Нуробод ба майдони шукӯҳу шаҳомати Наврӯз табдил ёфта, бо иштироки васеи сокинону меҳмонон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо тантанаи хоса таҷлил гардид.
Ин чорабинии пуршукӯҳ дар фазои идона, бо оростагии наврӯзӣ ва руҳияи баланди миллӣ баргузор шуда, шаҳодати арҷгузории мардуми ноҳия ба суннатҳои неки аҷдодӣ гардид.
Дар тантанаи идона намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон, раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, собиқадорони меҳнат, зиёиён, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва ҳазорон нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Дар саҳни ҷашнгоҳ маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ, анвои таомҳои миллӣ, дастархонҳои рамзии “ҳафт син” ва “ҳафт шин”, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва расму ойинҳои қадимаи наврӯзӣ бо зебоии хос ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода зимни суханронии табрикотии худ ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз самимона муборакбод гуфта, иброз дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди наслҳо мақоми хос дорад. Мавсуф ҳамчунин аз нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз ва боло бурдани мақоми байналмилалии он ёдовар шуд.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон паёми табрикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони ноҳияи Нуробод расонида, таъкид намуд, ки Наврӯз аз куҳантарин ойинҳои миллӣ буда, мардуми тоҷик онро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд. Зикр гардид, ки ҷавҳари аслии Наврӯз инсонҳоро ба сулҳу дӯстӣ, созандагиву накӯкорӣ, эҳтироми табиат ва қадршиносии арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.
Дар идома барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунару санъат пешкаши меҳмонон ва сокинон гардида, суруду таронаҳои дилнишин, рақсу намоишҳои ҷолиб ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза бахшиданд.
Тантанаи Наврӯзии ноҳияи Нуробод бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, шодиву сурур ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, ҳамчун ҷашни ваҳдату ҳамдилӣ дар хотири иштирокдорон нақши нек боқӣ гузошт.