13.04.2026 / БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ НАВРӮЗИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Санаи 11 апрели соли ҷорӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода ва дигар меҳмонон аз намоишгоҳи бошукӯҳи Наврӯзии ноҳияи Нуробод, ки ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ташкил ва баргузор гардид, боздид ба амал оварданд.
Дар ин ҷашнвораи пуршукуҳ сокинони меҳнатқарину шарафманди ноҳия бо рӯҳияи баланди идона ва меҳри ватандорӣ иштирок намуда, маҳсули заҳмат ва дастовардҳои меҳнатии худро ба намоиш гузоштанд. Хони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, ки рамзи фарҳанги қадимаи дастархондории миллати тоҷик мебошад, бо тарҳи зебо ороста шуда, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, кадбонуҳои соҳибзавқу ҳунарманди ноҳия дар гӯшаҳои махсус навъҳои гуногуни маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла кулча, қалама, чаппотӣ, фатир ва дигар шириниҳои миллӣ омода намуда, пешкаши ҳозирин гардониданд.
Дар намоишгоҳи наврӯзӣ ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, тоқидӯзӣ ва шерозбофӣ ба таври шоиста муаррифӣ шуданд. Инчунин, ҳунарҳои қадимаи кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, сабатбофӣ, оҳангарӣ ва дуредгарӣ, ки солҳои охир дар ноҳия аз нав эҳё гардидаанд, диққати меҳмононро ҷалб карданд.
Гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзиро таомҳои миллӣ, аз қабили қурутоб, шакароб, таҳмол, фатирмаска, оши бурида, суманак, самбӯса ва дигар ғизоҳои аз гиёҳҳои шифобахши баҳорӣ омодашуда, зебу зиннат мебахшиданд. Дар дегҳои алоҳида кадбонуҳо суманак мепухтанд, ки он яке аз рамзҳои асосии ҷашни Наврӯз маҳсуб меёбад.
Дар қисмати дигари намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Нуробод, аз ҷумла картошка, сабзӣ, пиёз, гулкарам, сирпиёз, шалғам ва дигар маҳсулоти тару тоза ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳамчунин, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ низ пешниҳоди меҳмонон гардиданд.
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, киштукори баҳорӣ ва рамзи зиндагии нав, мардумро ба дӯстӣ, инсонпарварӣ, накӯкорӣ ва созандагӣ раҳнамун месозад.
Сокинони заҳматпешаи ноҳияи Нуробод бо ташкили намоиши дастовардҳо, эҳёи анъанаҳои миллӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва баргузории бозиҳои варзишӣ ин маконро ба базмгоҳи ҳақиқии идона табдил доданд.