Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

13.04.2026 / ИФТИТОҲИ ДУ МАРКАЗИ САВДОЮ ХИЗМАТРАСОНӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ШАҲРАКИ ДАРБАНДИ НОҲИЯИ НУРОБОД 11.04.2026



       Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ ва рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагию ободкорӣ ҳамасола бо дастовардҳои нав истиқбол гирифта мешавад. Дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ду маркази нави савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи иншоот намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Наҷмиддиниён, раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, роҳбарону фаъолон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Нахуст, маркази хизматрасонии хӯрока ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардидааст. Дар марказ барои омода ва пешниҳоди намудҳои гуногуни хӯрок шароити мусоид муҳайё карда шуда, зиёда аз 4 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Бунёди чунин марказ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Сипас, маркази савдои либос, ки барои фурӯши либос ва дигар молҳои ниёзи мардум пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ гардид. Ин марказ низ бо тамоми шароити зарурӣ таъмин буда, дар он зиёда аз 6 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ба истифода додани ин иншоот барои беҳтар намудани хизматрасонии савдо ва қонеъ гардонидани талаботи сокинон аҳамияти муҳим дорад. Зимни боздид меҳмонон аз шароити муҳайёгардида изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат ва саҳми арзанда дар ободонии ноҳия арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки рушди чунин иншоот ба пешрафти иқтисоди маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидати назаррас мерасонад. Ифтитоҳи ин ду маркази хизматрасонӣ туҳфаи арзанда ба истиқболи Наврӯз буда, боз як қадами устувор дар роҳи ободонӣ ва рушди ноҳияи Нуробод маҳсуб меёбад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод