Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

08.04.2026 / АРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАШВАРАТИ КОРӢ 06.04.2026



       Имрӯз, таҳти раёсати раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварати мазкур муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома аз ҷониби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳисобот шунида шуда, ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани боғи фарҳангию фароғатӣ, кӯчаю хиёбонҳо ва саҳни идораю муассисаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен зимни суханронӣ ба масъулин ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд. Аз ҷумла, вобаста ба вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифагузорӣ ба амал оварда шуд. Ҳамзамон, вобаста ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки обу замин, кишти картошка, пешгирии талафоти неруи барқ ва гузариш ба низоми билингӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, беҳсозии вазъи муассисаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфти манбаъҳои нави андоз, рушди китобхонаҳо ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш супоришҳои мушаххас дода шуданд. Инчунин, масъалаҳои марбут ба танзими партовгоҳҳо дар шаҳрак, мустаҳкамкунии соҳилҳо, бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлол, дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бо сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани дигар чорабиниҳои дарпешистода мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дода шуданд. Дар фарҷом, раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен масъулинро ба хизмати софдилона ба халқу Ватан, иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои гузошташуда ва масъулияти баланд дар фаъолияти хизматӣ муваззаф намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод