Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

08.04.2026 / ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДЕҲАИ ЯХЧИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ИЗЗАТУЛЛО ҲАЛИМОВИ НОҲИЯИ НУРОБОД 04.04.2026



       Имруз, дар деҳаи Яхчи Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар чорабинӣ сокинон, ҷавонон ва фаъолони деҳа иштирок намуданд. Муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар паёми табрикии раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусенро ба ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки Наврӯз рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Барномаи фарҳангӣ бо суруду рақсҳои миллӣ ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод