Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

30.01.2026 / РОҲАНДОЗИИ КОРҲОИ ТОЗАКОРӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 29.01.2026



       Бо дарназардошти бориши зиёди барф ва бо мақсади таъмини ҳолати санитарию экологии муҳити зист, фароҳам овардани шароити бехатари ҳаракати шаҳрвандон ва нигоҳдории инфрасохтори иҷтимоӣ, дар ноҳияи Нуробод бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои тозакорӣ роҳандозӣ карда шуданд. Дар рафти корҳои мазкур кирду атрофи биноҳои маъмурӣ, роҳравҳо, даромадгоҳҳо ва ҳудудҳои вобасташуда аз барф тоза гардида, ҳамзамон дарахтон аз барфи ҷамъшуда поксозӣ карда шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати таъмини бехатарии аҳолӣ ва нигоҳдории муҳити зист чунин тадбирҳоро вобаста ба вазъи обу ҳаво минбаъд низ амалӣ менамояд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод