22.01.2026 / ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ ВА РАҲНАМОИ МИЛЛАТ

21 январи соли 2026 вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо сокинони Ҷамоати деҳоти Сафедчашма баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардидааст, шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Таъкид гардид, ки Паём ҳамчун барномаи муҳим самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими соҳаҳои маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими суботу ваҳдати миллиро муайян менамояд.
Вохӯрӣ дар деҳаҳои Кабутиён, Таг, Шербегиён, Калназар, Улфатобод ва Ғулмон баргузор шуда, сокинон омодагии худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паём ва саҳмгузорӣ дар ободии диёр изҳор намуданд.