Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

22.01.2026 / ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       Бо мақсади баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва тақвияти масъулияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар Абдусамад, кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Аз ин рӯ, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт, сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки аҳли маорифи ноҳия бояд ҷиҳати фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо истифодаи пурраи шароит ва имкониятҳои мавҷуда тамоми неру ва дониши худро равона намоянд. Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳолати тозагӣ, рӯзномадорӣ, бо худ овардани китобҳои дарсӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, ҷонок намудани маҳфилҳои фаннӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот чораҳои судманд андешанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод