Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

20.01.2026 / ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ БО УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА» ВА «МАҲАЛ БА МАҲАЛ» ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Дар асоси иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии соҳаи ҷавонон ва варзиш, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, баргузории мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳал ба маҳал» дар ҳудуди ноҳия идома дорад. Мусобиқа бо иштироки дастаҳои ҷавонон ва сокинони деҳаву маҳаллаҳои гуногуни ноҳия баргузор гардида, ҳадафи он тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди варзиши оммавӣ маҳсуб меёбад. Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонии ҷавонон, густариши рақобати солим ва дарёфти варзишгарони болаёқат мусоидат менамояд. Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои беҳтарин тибқи низомнома бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод