Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

20.01.2026 / БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ РӮИ НАМУДИ ВОЛЕЙБОЛ БО УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА» ВА «МАҲАЛ БА МАҲАЛ» ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳал ба маҳал» байни сокинон ва ҷавонони ноҳия баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои оммавии варзишӣ роҳандозӣ шуда, дар он дастаҳои гуногуни деҳаву маҳаллаҳои ноҳия фаъолона иштирок намуданд. Дар анҷоми мусобиқа дастаҳои беҳтарин муайян гардида, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод