Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

20.01.2026 / ПАЁМ — ЗАМИНАИ РУШДИ УСТУВОР ВА ТАРБИЯИ НАСЛИ СОЛИМ 19.01.2026



       Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия силсилаи вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин замина, имрӯз дар Беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод, Шабакаҳои барқ ва КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия вохӯрии судманд бо иштироки роҳбарият ва кормандони ташкилоту муассисаҳои мазкур баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар Абдусамад ва дигар масъулини соҳа иштирок намуда, доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатро муайян намуда, татбиқи пайгиронаи он ба пешрафти соҳаҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими суботи ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, донишомӯзӣ ва ҳунармандӣ, омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таҳкими оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва роҳ надодан ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ба кормандони ташкилоту муассисаҳо таъкид карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардида масъулияти баланд зоҳир намуда, дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, риояи интизоми меҳнат ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона иштирок намоянд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод