20.01.2026 / БУНЁДИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ ПАНДОВЧИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МЕҲРОБОДИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Дар доираи татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои ҳадафҳои эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва бо саҳмгузории сокинон, ҷавонон ва шахсони саховатпешаи деҳот, дар деҳаи Пандовчии Ҷамоати деҳоти Меҳробод бунёди толори варзишӣ бо тарҳи муосир идома дорад.
Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида, тибқи нақша, толори варзишӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.