Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

26.12.2025 / ВОХӮРИИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       26 декабри соли 2025 дар ноҳияи Нуробод, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба расонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Рашт № 12, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо интихобкунандагон ва фаъолони ноҳияи Нуробод баргузор гардид. Зимни баромад Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо муҳтавои Паёми Пешвои миллатро шарҳ дода, иброз намуданд, ки дар он самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноаткунонии босуръати кишвар, рушди инфрасохтор ва афзоиши шуғли аҳолӣ муайян гардидаанд. Таъкид гардид, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими суботу амнияти миллӣ ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст. Дар идомаи мулоқот ҳозиринро ба сарҷамъӣ, таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа даъват намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода изҳор дошт, ки сокинони ноҳияи Нуробод дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи босамари онҳо тадбирҳои мушаххас меандешанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод