26.12.2025 / МУЛОҚОТИ АСАДУЛЛО НАҶМИДДИНИЁН- ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25 декабри соли 2025 бо мақсади тарғиб ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Файзобод №11 — Асадулло Мирзо Наҷмиддиниён дар маркази Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо иштироки сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ҳакимӣ, Муҷихарф, Меҳробод ва Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод доир шуда, дар он раисони ҷамоатҳо ва деҳаҳо, омӯзгорон, собиқадорон, ҷавонон, фаъолон ва дигар сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ вакили мардумӣ Асадулло Мирзо оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардида буд, гузориши муфассал пешниҳод намуд. Номбурда иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат фарогири масъалаҳои муҳим ва мубрами давлатдорӣ буда, дар он самтҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти энергетикӣ, рақамикунонии иқтисод, таҳкими соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шудаанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамаи дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ самараи сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва фаъолияти пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин заҳмати софдилонаи мардуми сарбаланди тоҷик мебошанд.
Дар идомаи мулоқот вакили мардумӣ ҳозиринро ба сарҷамъӣ, таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа даъват намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ интихобкунандагон бо пешниҳод ва дархостҳои худ ба вакили мардумӣ муроҷиат намуда, ба суолҳои матраҳгардида посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.