Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

24.12.2025 / СОЛИ 2026 – СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ



       (Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, 16 декабри соли 2025) Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ амалӣ гардидааст, барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ифодагари идомаи ин сиёсат буда, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеа равона гардидааст. Дар ин раванд, дар ноҳияи Нуробод ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва татбиқи ҳадафҳои стратегияи давлатии рушд тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодаанд. Сокинони ноҳия бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои беҳтар гардидани инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ саҳм мегузоранд. Бунёд ва азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо, майдончаҳои варзишӣ ва дигар объектҳои таъиноти гуногун дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳо амалӣ гардида истодааст. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Нуробод бунёду азнавсозии 257 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 193 иншоот пурра ба истифода дода шудааст. Айни замон дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ идома дошта, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳамзамон, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба масъалаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷалби ҷавонон ба корҳои созанда, рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии онҳо ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда шудааст. Фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо омили муҳими таъмини рушди устувори ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар баробари ин, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳамчун унсури муҳими сиёсати идеологии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар меҳвари фаъолият қарор дошта, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таъриху анъанаҳои миллӣ ва таҳкими ҳисси ифтихори ватандорӣ пайваста роҳандозӣ мегардад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, соли 2026 барои ноҳияи Нуробод соли идомаи корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ арзёбӣ мегардад. Иштироки фаъоли сокинон дар амалисозии ин тадбирҳо омили муҳими ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас ба ҳисоб меравад. Саъдуллоев Саломатшо раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод