17.11.2025 / ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №38, ДЕҲАИ ЁФУЧ

Имрӯз, 15 ноябри соли 2025, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Ёфучи ноҳияи Нуробод бо иштироки раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 расман ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонии соҳавӣ бунёд гардида, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар муассиса равона шудааст.
Бино аз 5 синфхона иборат буда, имконият фароҳам меорад, ки зиёда аз 200 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Сохтмони бинои иловагӣ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ анҷом ёфта, норасоии синфхонаҳо, ки солҳои охир дар муассиса вуҷуд дошт, бартараф гардид.
Ифтитоҳи иншооти нав дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзанда ба хонандагон ва омӯзгорони муассиса арзёбӣ гардида, барои боло бурдани сатҳу сифати таълим заминаҳои бештар фароҳам меорад.
Татбиқи чунин иқдомот аз ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф шаҳодат медиҳад ва барои таҳкими заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия мусоидат менамояд.