06.10.2025 / ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ НУРОБОД, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД. 6.10.2025

Имрӯз дар ноҳияи Нуробод иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен доир гардид.
Дар кори иҷлосия раиси ноҳияи Нуробод, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот ва тасдиқи регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи онро қабул намуданд. Ба рӯзномаи иҷлосия панҷ масъала, аз ҷумла: ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод оид ба масъалаҳои энергетика, коммуникатсия, шаҳрсозӣ, ва нақлиёт, ахборот оид ба рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2021-2025» ва мушкилотҳо дар рафти амалишавии барнома, ҳисобот оид ба рафти амалишавии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар қаламрави ноҳияи Нуробод, дар бораи иваз намудани номҳои ғайритоҷикии баъзе аз деҳаҳои ноҳияи Нуробод ба номҳои хушоҳангу равони тоҷикӣ ва «Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Нуробод» ворид карда шуд.
Дар ҷараёни иҷлосия оид ба масъалаҳои рӯзнома баромадҳои масъулин шунида шуда, ҳисобот ва пешниҳодҳо мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои энергетика, коммуникатсия, шаҳрсозӣ ва нақлиёт Шоҳиён Маҳмад Бала доир ба иҷрои нақшаҳои пешбинишуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода дастуру супоришҳо доданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар иншооти банақшагирифташуда, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳу пулҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар корхонаҳои савдову хизматрасонӣ, истифодаи масолеҳи хушсифат ва бо риояи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ, амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, масъулини соҳа тадбирҳо андешанд.
Сипас, дар бораи рафти татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2021–2025» ахбороти муовини раиси ноҳия Ғаффорзода Исломуддин шунида шуд. Зикр гардид, ки нишондодҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои мусбат дошта, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия назаррас аст.
Дар масъалаи иҷрои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар баромад намуда, аз тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани зуҳуроти номатлуб иттилоъ дод. Вакилон зарурати таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҷомеаро таъкид намуданд.
Ҳамчунин дар иҷлосия масъалаи иваз намудани номҳои ғайритоҷикии баъзе аз деҳаҳои ноҳияи Нуробод мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вакилон бо дарназардошти талаботи қонунгузории кишвар ва пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ барои иваз намудани як қатор номҳои кӯҳна ба номҳои тоҷикӣ ва хушоҳанг ҷонибдорӣ намуданд.
Дар анҷом масъалаи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Нуробод мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд.
Дар ҷамъбасти иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен аз иштироки фаъолонаи вакилон ва масъулини сохторҳои ноҳиявӣ изҳори сипос намуда, зарурати татбиқи саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшударо таъкид намуд.
Бо ҳамин иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.