06.10.2025 / БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ НУРОБОД 03.10.2025, ноҳияи Нуробод

Дар толори хурди маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷаласаи навбатии Комиссияи маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Комиссия оид ба масъалаҳои энергетика, коммуникатсия, шаҳрсозӣ ва нақлиёт Шоҳиён Маҳмад Бала роҳбарӣ намуд.
Нахуст масъалаи рафти иҷрои нақша-чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр карда шуд, ки дар доираи омодагӣ ба ин санаи таърихӣ як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла таъмиру азнавсозии роҳҳо, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва ҳусни зебоии деҳаву маҳаллаҳо идома доранд.
Ҳамзамон, вобаста ба вусъат бахшидани тадбирҳои ободонӣ ва истифодаи мақсадноки имкониятҳои мавҷудаи ноҳия пешниҳодҳои мушаххас ироа гардида, ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуд.
Дар идома дигар масъалаҳои рӯзмарраи фаъолияти комиссия муҳокима гардида, қарорҳои зарурӣ қабул шуданд.
Таъкид гардид, ки иҷрои нақша-чорабиниҳо бояд таҳти назорати доимии комиссия қарор дошта, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси комиссия Шоҳиён Маҳмад Бала изҳор дошт:
«Мо вазифадорем, ки бо масъулияти баланд корҳои созандагиву бунёдкориро идома дода, саҳми худро дар рушди ноҳия ва дар сатҳи баланд таҷлил гардидани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар гузорем.»