Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.10.2025 / ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 03.10.2025



       Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Омӯзгор – чароғи рӯзгор» бахшида ба Рӯзи омӯзгор баргузор гардид. Нахуст муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар Абдусамад суханронӣ намуда, омӯзгоронро ба ифтихори иди касбиашон самимона табрик гуфт. Зикр гардид, ки нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврас басо арзишманд буда, маҳз бо заҳмати омӯзгор миллату давлат ба пешрафт мерасад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати омӯзгор боз ҳам боло рафта, барои фаъолияти босамари онҳо шароити мусоид муҳайё гардидааст. Дар рафти чорабинӣ як қатор омӯзгорони фаъол бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод қадрдонӣ шуданд. Дар идомаи чорабинӣ намоиши дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ ва корҳои эҷодии омӯзгорону хонандагон ташкил гардид, ки мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт. Дар доираи ин намоиш китобҳои дарсӣ, асарҳои илмӣ, лавҳаҳои таълимӣ ва намунаҳои ҳунарҳои дастӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ҳамзамон, бахши фарҳанги ноҳия бо баромадҳои саҳнавӣ, шеърхонӣ, сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои миллӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод