Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.10.2025 / БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ НУРОБОД ОИД БА НОМГУЗОРӢ



       02 октябри соли 2025 дар толори хурди маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷаласаи Комиссияи мувақатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия баргузор гардид. Ҷаласаро раиси Комиссия Додарзода Оятулло ифтитоҳ намуда, доир ба нақши муҳим ва зарурати таъмини дурустии номгузорӣ ва номивазкунии ҷойномҳои ҳудуди ноҳия суханронӣ намуд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба мутобиқ гардондани номҳои мавҷуда ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии пешниҳодҳои шаҳрвандон ва ҳамоҳангсозӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод