06.10.2025 / ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 03.10.2025

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши маърифати- сиёсӣ дар мавзуи "Забони миллат ҳастии миллат" баргузор гардид.
Муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар Абдусамад бо сухани табрикӣ баромад намуда, мардуми ноҳияро ба ин рӯзи фархунда муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун ёдгории беназири маънавӣ ва оинаи таърихи деринаи халқи тоҷик ҷойгоҳи муҳим дошта, ифодаи расму ойин ва суннатҳои миллию давлатдорӣ мебошад.
Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар забони давлатӣ бо пуштибонӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ва камол ёфта, ба мақоми олии сиёсиву фарҳангӣ расидааст.
Қайд карда шуд, ки барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин маҳсуб меёфт. Ҷавҳари асосии забони тоҷикӣ — ахлоқи наку ва сарвати фарҳангии миллат аст, ки тавассути ҳамин забон ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.
Дар анҷом таъкид шуд, ки вазифаи ҳар як донандаи забон аз он иборат аст, ки забони модариро, чунончи гузаштагон бо покиву беолоиш то ба имрӯз оварда расондаанд, мо низ бо ҳамин усул ба наслҳои оянда мерос гузорем.