09.03.2023 / "ХУШҲОЛИИ ЯТИМОН ИН ХУШҲОЛИИ МОСТ!"

Дар арафаи Рўзи Модар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳамчунин, раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳия як қатор туҳфаҳоро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим намуда, онҳоро ба Рўзи Модар шодбош намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳия 147 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия машғул буда, мактаб-интернат дорои шароити хуби таълимист.
Соли гузашта 14 нафар тарбиятгиранда хатм намуда, 5 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти макотиби олии кишвар дохил шуда, таҳсил намуда истодаанд.