Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

22.08.2025 / Идомаи тақсими "Шоҳнома"-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба аҳолии ноҳияи Нуробод 21.08.2025



       Имрӯз тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” аз ҷониби гурӯҳи кории таъсисдодашуда зери роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳ дар водии Рашт Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Нуробод тақдим гардид. Ин иқдом барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузаштаи миллат ва дарки дурусти он ба шаҳрвандон мусоидат мекунад. Сокинони ноҳияи Нуробод бо шодмонӣ ва ҳисси хушҳолӣ ин тӯҳфаи арзишмандро пазируфта, миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат баён намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод