22.08.2025 / ВОХӮРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

20 августи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдор вохӯрӣ оид ба пешгирии падидаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм баргузор гардид.
Вохӯрӣ дар доираи нақшаи кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод баргузор шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва вокуниши саривақтӣ нисбат ба хатарҳои зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеа мебошад.
Дар чорабинӣ прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рачабзода Ҷаҳон Назар иштирок намуда, дар бораи паёмадҳои манфии ин зуҳурот, роҳҳои пешгирӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар таъмини амнияти ҷомеа маълумоти муфассал ироа намуд.
Таъкид гардид, ки пешгирии падидаҳои экстремистӣ ва террористӣ вазифаи умумимиллӣ буда, зарур аст ҳар як шаҳрванд барои ҳифзи оромӣ, субот ва амнияти кишвар саҳми хешро гузорад.