19.08.2025 / АҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Санаи 18 августи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар кулли собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустиро ба ифтихори Иди касбиашон, ки ҳамасола ба рӯзи таваллуди асосгузори тибби ҷаҳон, нобиғаи оламшумур Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, таҳният гуфта, барояшон рӯзгори хушу хуррам, саодати зиндагӣ ва муваффақиятҳо таманно намуд.
Зимни ироаи паёми табрикии раиси ноҳия оид ба дастгирии давлатии соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз намуд, ки тавассути дастгирӣ ва кӯмакҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тандурустии кишвар баҳри беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ корҳои назаррас дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Нуробод ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва нақлиётӣ, ёрии таъҷилӣ ва ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат шаҳодати гуфтаҳои болост.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол то сол афзун гардида, ба пешрафти бонизоми соҳа мусоидат намуда истодааст.
Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия Мусамиров Раҷаб оид ба дастовардҳои кормандони соҳаи тиб дар ноҳияи Нуробод ибрози назар намуда, саҳми онҳо дар беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва мусоидат ба солимии ҷомеа ҳамчун боигарии давлат таъкид гардид.
Дар фазои тантанавӣ ба як қатор табибон ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ ифтихорномаву туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.