Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

05.08.2025 / БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯИ НУРОБОД



       Санаи 5 августи соли 2025, таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Нуробод муҳтарам Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, машварати кории навбатӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раис, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар машварат иҷрои нақшаҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, таъмири роҳҳо, беҳсозии инфрасохтор ва муассисаҳои иҷтимоӣ аз самтҳои муҳим шуморида шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои идеология ва худшиносии миллӣ, сохтмони муассисаҳои томактабӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ, пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ равона гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, тозагии муҳити зист, ҳолати партовгоҳҳо, таъминот бо оби нӯшокӣ ва омодагӣ ба мавсими зимистон баррасӣ шуда, барои ҳалли онҳо супоришҳои мушаххас пешниҳод гардиданд. Дар ҷаласа инчунин масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил баррасӣ гардид. Раиси ноҳия дастур доданд, ки ҷиҳати таъмиру таҷдиди синфхонаҳо, таъмини мактабҳо бо мизу курсиҳо, маводи таълимӣ ва таҷҳизоти зарурӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шаванд. Дар ҷамъбасти машварат раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода таъкид намуданд, ки ҳар як шахси масъул бояд бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолият намуда, барои татбиқи саривақтии супоришҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ кӯшиш намояд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод