05.08.2025 / ШАНБЕГИИ УМУМИНОҲИЯВӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

2 августи соли 2025 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид.
Дар ин иқдоми ҷамъиятӣ кормандони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳаллӣ ва фаъолон иштирок намуда, гирду атрофи муассисаву корхонаҳо, кӯчаву деҳаҳо, маҳаллаҳо ва шоҳроҳи мошингарди байналмилалиро аз партовҳо тоза намуда, саҳми арзандаи худро дар тозагии муҳити зист ва ободии маҳали зисташон гузоштанд.
Чорабинии мазкур дар ростои тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадаф аз он баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, ҳифзи муҳити зист ва ташаккули ҳисси зебоипарастии аҳолӣ мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод иброз медорад, ки баргузории чунин иқдомҳои ободонӣ минбаъд низ идома ёфта, барои таъмини муҳити тозаву озода ва зебоии ноҳия заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.