Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

05.08.2025 / ҲИЗБИЁН ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАРО БАРРАСӢ НАМУДАНД.



       31 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод, дар нимсолаи якуми 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраи минбаъда баргузор гардид. Дар корӣ маҷлис муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Саломатшо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, вакилони ҳизбӣ, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия иштирок доштанд. Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. 1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод дар нимсолаи якуми соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраи минбаъда; 2. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия, барои нимсолаи дуюми соли 2025; 3. Тасдиқи Нақша- чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси васеъи КИМ ҲХДТ санаи 17 07.2025 баён доштаанд. 4. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабул ва қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб; 5. Масъалаҳои ҷорӣ; Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, муовин- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия Фароғат Ҷамолова доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраи минбаъда баромад намуд. Мавсуф қайд намуд, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроия, нимсолаи якуми соли 2025-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд. Вобаста ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Коммуналӣ" Бобиев Кумуддин ва раиси ташкилоти ибтидоии "Ҷавонон" Эшонҷон Саидов ба музокира баромада вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроия баромад намуданд. Ҳамзамон Саъдуллоев Саломатшо- раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод иброз дошт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод суханронии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 17.07.2025 дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иброз доштанд, сармашқи кори худ намуда кушиш менамояд, ки барои амалӣ сохтани ҳадафу барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҳал саҳми арзандаи худро гузорем. Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар оид ба соҳаи идиалогӣ баромад намуда, иброз доштаанд бояд тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳамкориро бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод вусъат бахшида, дар вохӯриҳо аз рӯи усули "Деҳа ба деҳа" ва "Маҳал ба маҳал" фаъолона иштирок намояд. Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда нисбати ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод