Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

26.07.2025 / ОМОДАБОШИИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Имрӯз 26 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Нуробод чорабинии омодабошии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин чорабинӣ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Абдуллозода Саидасрор Саид ва раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен иштирок доштанд. Дар чорабинӣ зиёда 3100 нафар ё худ 120% мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии Қувваҳои мусаллҳаи Ҷумҳрии Тоҷикистон ҷамъ оварда шуданд. Нахуст, ҳозирин аз ҷамъомади иштирокчиён дидан намуда, аз вазъи мудофиавии онҳо огоҳӣ пайдо намуданд. Баъданд, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд дошт, ки ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намоянд. Абдуллозода Саидасрор Саид аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон нигаронӣ намуда, изҳор дошт, ки вазъияти мазкур маҳз аз бесаводӣ ва ҷалб нашудан ба хизмати ҳарбӣ маншаъ мегирад. Ҳамин тариқ, Фатҳуддин Солеҳзода раиси ноҳияи Нуробод баромад намуда, изҳор дошт, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ бояд тарбия кард. Ҳамчунин, барои ташкили чунин ҷамъомад ва мусоидати сокинону фаъолони ҷамеа дар он, изҳори миннатдорӣ намуд. Дар интиҳои чорабинӣ чанд нафар аз волидайни сарбозоне, ки дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд сипосномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод