26.07.2025 / ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ СОЛЕҲЗОДА ФАТҲУДДИН ҲУСЕН БО ГИРАНДАГОНИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ НОҲИЯИ НУРОБОД

25 июл дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вохӯрии раиси ноҳия муҳтарам Фатҳуддин Солеҳзода бо хонандагони болаёқате, ки дар соли таҳсили 2024–2025 соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, баргузор гардид.
Раиси ноҳия хонандагони фаъолро барои ба даст овардани ин муваффақият таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дастгирии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу таҳкими илм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки барномаи квотаи президентӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад, имкони таҳсил дар муассисаҳои олии кишварро барои ҷавонони болаёқат аз минтақаҳои дурдаст ва деҳот фароҳам месозад.
Дар рафти суҳбат Фатҳуддин Солеҳзода аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо донишҳои муосирро азбар намоянд, соҳиби касбу ихтисоси замонавӣ гарданд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони арзанда ба халқу Ватан содиқона хизмат кунанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ хонандагон барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Пешвои миллат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипос намуданд ва ваъда доданд, ки бо натиҷаҳои хуб таҳсил намуда, номи ноҳия ва падару модарро баланд мебардоранд.