Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

25.07.2025 / ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ НУРОБОД ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025



       24 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Нуробод дар шашмоҳаи аввали соли 2025 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири кишоварзии мамлакат Асозода Нуралӣ Маҳмадулло баргузор гардид. Дар маҷлис ҳамчунин муовини якуми раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд. Дар оғози ҷаласа муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ҳисобот дод. Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои муҳим ва мушкилоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, сохтмон ва дигар бахшҳои муҳими хоҷагидорӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ, норасоии кадрҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сатҳу сифати таълиму тарбия, омодагии муассисаҳо ба мавсими зимистон, инчунин хизматрасонии тиббӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз муовинони раиси ноҳия ва дигар масъулон пурсиш ба амал оварда шуда, барои бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда дастурҳои мушаххас дода шуданд. Сипас, муовини якуми вазири кишоварзии мамлакат Асозода Нуралӣ Маҳмадулло вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар самти вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, иҷрои босифати нақшаи андозҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки обу замин, васеъ кардани майдони кишти зироатҳо, саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳсозии инфрасохтор ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ибрози назар намуд. Дар фарҷоми ҷаласа раиси ноҳия муҳтарам Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, таъмини пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026, истифодаи самараноки неруи барқ, фаъолсозии корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Раиси ноҳия масъулини соҳаҳоро вазифадор намуданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ андешанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод