24.06.2025 / ИҚДОМИ НАҶИБ: БЕМОРХОНАИ САФЕДЧАШМА СОҲИБИ НАҚЛИЁТИ НАВИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ШУД . 24.06.2025

Дар арафаи истиқболи сазовор аз ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, зимни боздиди кории раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен аз Беморхонаи минтақавии деҳоти Сафедчашма бо мақсади беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ дар маҳал бо дастгирии эҳсонкорон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ба Беморхонаи минтақавии деҳоти Сафедчашма, нақлиёти нави ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карда шуд.
Раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен ҷиҳати беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар маҳал, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.