Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

24.06.2025 / СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ РУШД ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД.



       21 июни соли 2025, бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи дуюми семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тартиби таҳияи барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар ноҳияи Нуробод баргузор гардид. Семинари мазкур бо дастгирии коршиноси байналмилалии JIСА дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Агентии хизмати давлатӣ, муовинони якуми раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахши иқтисод, савдо ва мониторинг, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Рашт, Лахш, Сангвор ва Тоҷикобод иштирок намуданд. Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани иқтидори хизматчиёни давлатӣ дар самти таҳия, татбиқ, мониторинг ва арзёбии барномаҳо ва лоиҳаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад. Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён бо усулҳои муосири таҳияи барномаҳои рушд, принсипҳои назарияи тағйирот, ҳамчунин тартиби назорат ва арзёбии самаранокии лоиҳаҳо шинос шуданд. Семинари омӯзишӣ як қадами муҳими амалӣ дар самти таҳкими малакаҳои касбии хизматчиёни давлатӣ маҳсуб ёфта, ба таъмини татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар сатҳи маҳаллӣ замина мегузорад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод